Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) зери раҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики дар бозии байналмилалии дӯстона тими ҷавонони Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард.
Ин бозӣ шаби 18-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Голҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистонро Ансор Ҳабибов, Муҳаммадиқбол Давлатов ва Муҳаммадалӣ Азизбоев заданд. Голҳои тими Ҳиндустонро Суҳайл Аҳмад Бҳат ва Партхиб Сундар вориди дарвозаи Тоҷикистон карданд. Бозиро Насрулло Кабиров аз Тоҷикистон, доварӣ кард.
Дастаи олимпии Тоҷикистон бозии навбатии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин бозӣ 24-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 26 бозигар – 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозиҳои дӯстонаи моҳи июн:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Фирӯз Назаров (ҳарду аз «Барқчӣ, Ҳисор»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Суҳробхуҷа Юсупов («Тоҷ»);
Ҳимоятгарон: Александр Мухин («Арсенал», Русия), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Содиқҷон Қурбонов, Рустам Камолов (ҳарду аз «Истиқлол», Душанбе), Меҳрубон Гаффорзода, Мусо Қаҳҳоров, Диловар Ҷамшедзода (ҳама аз «Барқчӣ»), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд», Хуҷанд);
Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Гулгуҳар», Эрон), Ансор Ҳабибов («Арсенал», Русия), Алиҷони Буризод («Самгурали», Гурҷистон), Муродалӣ Ҳақназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Азизбек Ҳаитов («Равшан», Кӯлоб), Абубакр Сулаймонов («Вахш», Бохтар), Ҷовидон Хушвахтов, Азизбек Далиев (ҳарду аз «Барқчӣ»), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадиқбол Давлатов (КМВА, Душанбе);
Ҳамлагарон: Масрур Ғафуров («Истиқлол»), Шаҳбоз Ҳабибов (КМВА), Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Панҷшер», Румӣ), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Парвоз», Фурудгоҳи Хуҷанд).
Сармураббӣ – Леван Хомерики (Гурҷистон).
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» бо тимҳои Сурия, Филиппин ва Непал бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 3-юм то 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Тими олимпии Тоҷикистон дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» бо дастаҳои Непал (3-юми сентябр), Филиппин (6-уми сентябр) ва Сурия (9-уми сентябр) бозӣ мекунад.
Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 7-ум то 25-уми январ дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, роҳ меёбанд.