Расонаҳои Исроил аксҳои тирезаҳои шикаста ва дуди сиёҳи ғализро пахш карданд. Ба гуфтаи мақомот, мушаки дигаре ба як бинои баландошёна ва чанд бинои дигар дар ду маҳалли дар наздикии Тел-Авив бархӯрдаанд ва ба гуфтаи Идораи имдодии Исроил дар ин ҳамлаҳо даст-кам 40 нафар захмӣ шудаанд.
Айни замон Исроил бо идомаи ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон, иншооти оби сангини Арокро ҳадаф қарор додааст, ки барои сард кардани реакторҳои атомӣ хидмат мекунад. Ҳафт рӯз аст, ки ҳамлаҳои мутақобила байни Исроилу Эрон идома дорад ва ҷанг баъди он оғоз шуд, ки Исроил бо ҳамлаҳои ғофилгиркунанда дар рӯзи 13 июн даҳҳо фармондеҳи олирутбаи эронӣ ва донишмандони ҳастаиро кушта ва ба таъсисоти атомии кишвар садама зад.
Нерӯҳои ҳавоии Исроил бомдоди 19 июн дигарбора Теҳрон ва манотиқи онро ҳадаф қарор доданд ва чанд соат пас аз он ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки майли пайвастан ба ҷанг надорад, аммо агар лозим шавад, барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ иқдом хоҳад кард.
Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки системаи дифои ҳавоии кишвар баъд аз нимашаб дар канораҳои Теҳрон фаъол шуданд. Артиши Исроил рӯзи 19-уми июн тасдиқ кард, ки дар ҳоли анҷоми “силсилаи ҳамлаҳо” дар атрофи пойтахти Эрон ва дигар манотиқи кишвар буд ва ҳамчунин гуфт, аз «абзори шубҳабарангез»-ро ки аз Эрон ба парвоз даромада буд, раҳгирӣ кардааст.
Пештар аз ин артиши Исроил бо забонҳои арабӣ ва форсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардуме, ки дар наздикии реактори оби сангини Арок ва минтақаи Хундоб дар 250 километрии Теҳрон зиндагӣ мекунанд, ҳушдор дод, ки он ҷойҳоро тарк кунанд. Дар ин ҳушдор омадааст, ки «Артиши Исроил ба сокинон, коргарон ва афроде ки дар ду деҳаи Арок ва Хундоб дар манотиқи мушаххасшуда рӯи нақша ҳузур доранд, ҳушдор медиҳад, пеш аз ҳадафгирии зербунёдҳои низомии тааллуқдошта ба режими Эрон, фавран маҳалро тарк кунанд.»
Реактори оби сангин барои сард кардани реакторҳои атомӣ истифода мешавад ва ҳам метавонанд, онро барои тавлиди маводи лозим барои сохти бомби атомӣ ба кор баранд.
Пештар аз ин Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар як баёнияи видеоӣ гуфт, ки Исроил дар самти аз байн бурдани таҳдидҳо аз иншооти ҳастаӣ ва мушакии Эрон “қадам ба қадам” пеш меравад. Ӯ гуфт: «Мо таъсисоти ҳастаӣ, мушакҳо, марказҳои фармондеҳӣ ва намодҳои режимро ҳадаф қарор медиҳем.»
Нетаняҳу ҳамчунин ба Доналд Трамп изҳори сипос кард ва ӯро «дӯсти бузурги Исроил хонд, ки дар муноқиша дар канори кишвар истодааст” ва гуфт, ки ин ду раҳбар «мунтазам» бо ҳам суҳбат мекунанд.
Аз сӯи дигар, Эрон эълом кард, 18 «маъмури душман» ки дар ҳоли сохтани паҳпод барои кумак ба ҳамлаҳои Исроил буданд, дар шаҳри Машҳад дастгир шудаанд. Аз ин бештар ҷузъиёте надодаанд.
Рӯзномаи амрикоии «Уол Стрит Ҷорнал» ба нақл аз се манбаи огоҳ гузориш дод, ки Доналд Трамп ба мушовиронаш гуфтааст, ки ба нақшаи пайвастани неруҳои амрикоӣ ба ҳамлаҳои Исроил алайҳи Эрон мувофиқа кардааст, аммо мунтазир аст, бубинад ки оё Теҳрон аз барномаи ҳастаии худ даст хоҳад кашид ё не.
Амрико ба ҷанг мепайвандад?
Хабаргузории “Блумберг” низ гузориш дод, ки мақомҳои Амрикоӣ дар ҳоли омодагӣ барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон дар чанд рӯзи оянда, эҳтимолан дар охири ҳафта ҳастанд.
Доналд Трамп дар посух ба хабарнигорон дар дафтари Кохи Сафед, ин гузоришҳоро тасдиқ накард ва гуфт, ки «дунболи ҷанг нест» аммо мумкин аст, маҷбур шавад, барои ҷилавгирӣ аз сохти силоҳи атомӣ дар Эрон иқдом кунад.
Ӯ гуфт: «Ман дунболи ҷанг нестам. Аммо агар байни ҷангидан ва доштани силоҳи ҳастаӣ [тавассути Эрон] интихобе бошад, кореро, ки лозим аст бояд анҷом дод.» Ӯ афзуд: «Шояд маҷбур шавем биҷангем.» Трамп дар идома гуфт: «Шояд ин корро бикунам, шояд ҳам не. Касе намедонад ман чӣ тасмим мегирам.»
Ҳамзамон, нашрияи “Ню-Йорк Таймз” ба нақл аз як мақоми аршади эронӣ навишт, ки Теҳрон омодаи музокира бо намояндагони амрикоӣ барои баҳс дар бораи оташбас аст ва Аббос Ароқчӣ вазири умури хориҷӣ дар ин музокирот ширкат хоҳад кард. Бо боло гирифтани низоъ, муттаҳидони ғарбии Вашингтон талошҳои дипломатии худро барои ҳаллу фасли бӯҳрон бештар кардаанд.
Вазирони умури хориҷаи Олмон, Фаронса ва Бритониё қасд доранд рӯзи 20-уми июн июн дар шаҳри Женева бо Ароқчӣ гуфтугӯ кунанд, дар ҳоле ки Созмони Милали Муттаҳид низ нишастеро барои баррасии бӯҳрон дар ҳамон рӯз барномарезӣ кардааст.
Як манбаи дипломатии Олмонӣ ба хабаргузориҳо гуфт, ки музокироти Женева бо ҳадафи мутақоиди кардани Эрон ба тазмини истифодаи сирфан ғайринизомӣ аз барномаи ҳастаияш баргузор мешавад. Исроил дар 13 июн ҳамлаҳо алайҳи Эрон оғоз кард ва гуфт, ҳамлаҳо барои қатъи барномаи атомии Теҳрон зарурӣ будаанд.
Рӯзи 18 июн, Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Эрон дархости Трамп барои «таслими бечунучарои» Теҳронро рад кард. Хоманаӣ гуфт, ки сулҳ ё ҷангро наметавон ба Ҷумҳурии Исломӣ таҳмил кард ва ба Амрико ҳушдор дод, аз низоъ дур бимонад.
Хоманаӣ, ки 87 сол дорад ва сухани ниҳоӣ дар сиёсатҳои Эронро мезанад, дар як суханронии аз пеш сабтшуда ки 18 июн дар телевизион пахш шуд гуфт: «Миллати Эрон миллате нест, ки таслим шавад. Амрикоиҳо бояд бидонанд ки ҳар гуна мудохилаи низомии Амрико бешубҳа садамаи ҷуброннопазир ба худи онҳо ворид хоҳад кард.»
Трамп рӯзи 17 июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт ки Хоманаӣ «ҳадафи осоне аст, аммо феълан дар амон аст. Мо қасди маҳви ӯ (куштани) ӯро надорем, ҳадди ақал феълан не.» Ӯ изофа кард: «Сабри мо дар ҳоли поён ёфтан аст» ва чанд соат баъд хостори «поёни воқеӣ» дар ҳамлаҳои маргбори мутақобилаи ҳавоии Эрон ва Исроил шуд.
Исроил ва бисёре аз муттаҳидони ғарбиаш, аз ҷумла Амрико, Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки саъй дорад, силоҳи ҳастаӣ бисозад. Теҳрон ин иттиҳомотро рад карда, мегӯяд, ҳадафи барномаи атомиаш ғайринизомӣ аст ва бомби атомӣ сохтанӣ ҳам нест.
Ҳамлаҳои Исроил миллионҳо эронии одиро ваҳшатзада кардааст ва ҳазорон нафар дар ҳоли тарки Теҳрон ба дигар шаҳрҳо ва кишварҳои дигар монанди Туркия ва Арманистон ҳастанд.
«Зарбаҳои сангин» ба режими Эрон?
Неруҳои низомии Исроил рӯзи 18 июн чанд маконро дар дохили Эрон ҳадаф қарор доданд ва зӯҳри ҳамон рӯз дар шарқи Теҳрон аз садои таркишҳои қавӣ гузориш шуд. Расонаҳои Эронӣ дар шаби 18 июн гузориш доданд, ки системаи дифои ҳавоӣ дар шаҳри Рашт фаъол шудааст.
Эфӣ Деферин сухангӯи артиши Исроил, дар видеое, ки дар шабакаи иҷтимоии Х гузоштааст, гуфт аз оғози ҳамла дар рӯзи 13 июн, ба беш аз 1100 ҳадаф дар дохили Эрон зарба задаанд. Ӯ афзудааст: «Мо зарбаҳои қобили таваҷҷӯҳ ба режими Эрон ворид кардем ва онҳоро ба манотиқи марказии Эрон ақиб рондем. Онҳо ҳоло талошҳои худро бар партоби мушак аз Исфаҳон мутамарказ кардаанд.»
Теъдоди зиёде аз раҳбарони низомӣ ва илмии Эрон дар ин ҳамлаҳо кушта шудаанд ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар ҳамлаҳо даҳҳо ғайринизомӣ ҳам ҷон додаанд. Хабаргузории Фаъолони Ҳуқуқи Башари Эрон (HRANA) қароргоҳаш дар Амрико 19 июн гузориш дод, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил 263 ғайринизомӣ, 154 нерӯи амниятӣ ва 224 нафар бо ҳувияти номаълум ҷон бохтаанд.
Ба гуфтаи хабаргузорӣ, беш аз 1300 нафари дигар низ захмӣ шудаанд. Омори мазкур бар асоси иттилооти расмӣ ва гузоришҳои дохилӣ ҷамъ шудааст. Мақомҳои исроилӣ мегӯянд, дар ҳамлаҳои ҷавобии Эрон ба Исроил 24 нафар кушта шудаанд. Ба қавли Исроил аз рӯзи 13 июн, Эрон ба самти Исроил тақрибан 400 мушак андохтааст ва ва 40 дар сади онҳо системаи дифои ҳавоиро рахна карда, ба ҳадаф бархӯрдаанд.
Гуфтугӯ