Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар қаҳрамонии ҷудои қаҳон, ки дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон) ҷараён дорад, мақоми ҳафтумро касб кард.
Ҷаҳонгири 25-сола дар рӯзи шашуми мусобиқот – 18-уми июн – дар вазни то 100 кило бар асоси қуръакашӣ ба сабқат аз даври дуюм шуруъ намуда, ба ҷудокори 22-сола Коуссей Бен Чарес аз Тунис пирӯз шуд. Маҷидов дар даври сеюм Худерчуллун Баяртсенгели 22-солаи муғулро шикаст дода, ба чаҳорякфинал роҳ ёфт. Аммо вай дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Дота Арайи 20-солаи ҷопонӣ мағлуб шуд.
Сипас Ҷаҳонгир дар даври тасаллобахш аз ғолиби Dushanbe Grand Slam 2025 Ҷаъфар Костоеви 26-сола аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.
Паҳлавони дигари тоҷик Кароматулло Ҳакимови 31-сола дар аввалин рақобати худ дар вазни то 100 кило аз Арман Адамяни 28-сола аз дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ноком шуда, аз ҳаққи идимаи мубориза маҳрум гашт.
Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон дар Будапешт ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) гирифтааст.
Медали нуқраро Эмомалӣ Нуралии 23-сола, ки ҳоло ҷудокори рақами яки ҷаҳон дар вазни то 66 кило мебошад, ба даст овард. Паҳлаввони 27-солаи тоҷик Обид Ҷебов дар ин вазн бо медали биринҷӣ сарфароз шуд.
Аммо чаҳор гуштигири тоҷик - Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров – ҳарду дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило – дар даврҳои интихобӣ аз рақибонашон ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Боз як паҳлавони тоҷик - Темур Раҳимови 27-сола - 19-уми июн рақобат мекунад. Вай дар вазни +100 кило ба сабқат аз даври дуюм мепардозад. Рақибаш Сеунгёб Лии 25-сола аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон, ки дар пойтахти Маҷористон то рӯзи 19-уми июн идома хоҳад кард, 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари 6 қораи олам иштирок доранд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешти Маҷористон дар 12 вазн (6 вазн миёни мардон ва 6 вазн байни занон):
Мардон
60 кг
1. Рюҷи НАГАЯМА (Ҷопон)
2. Ромаин ВАЛИДЕ ПИКАРД (Фаронса)
3. Елк КАЗИРБЕК (Муғулистон)
3. Аюб БЛИЕВ (IJF)
66 кг
1. Такеши ТАКЕОКА (Ҷопон)
2. Эмомалӣ НУРАЛӢ (Тоҷикистон)
3. Обид ҶЕБОВ (Тоҷикистон)
3. Ҳифуми АБЕ (Ҷопон)
73 кг
1. Ҷоан-Бенжамин ГАБА (Фаронса)
2. Даниел ГАРГНИН (Бразилия)
3. Маҳмадбек МАҲМАДБЕКОВ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
3. Татсуки ИШИҲАРА (Ҷопон)
81 кг
1. Темур АРБУЗОВ (IJF)
2. Тато ГРИГАЛАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Зелим ТСКАЕВ (Озарбойҷон)
3. Ҷунван ЛИИ (Кореяи Ҷанубӣ)
90 кг
1. Санширо МУРАО (Ҷопон)
2. Гоки ТАҶИМА (Ҷопон)
3. Елжан ҲОҶИЕВ (Озарбойҷон)
3. Лука МАЙСУРАДЗЕ (Гурҷистон)
100 кг
1. Матвей КАНИКОВСКИЙ (IJF)
2. Дота АРАИ (Ҷопон)
3. Зелим КАТСОЕВ (Озарбойҷон)
3. Арман АДАМЯН (IJF)
Занон
48 кг
1. Ассунта СКУТТО (Италия)
2. Ҳабиба АБУЖАКИНОВА (Қазоқистон)
3. Лаура АРТИНЕЗ АБЕЛЕНДА (Испания)
3. Ваканда КОГА (Ҷопон)
52 кг
1. Ута АБЕ (Ҷопон)
2. Дистриа КРАСНИҚИ (Косово)
3. Роза ГЙЕРТИАС (Маҷористон)
3. Маша БАЛЛҲАУС (Олмон)
57 кг
1. Этери ЛИПАРТАДИАНИ (Гурҷистон)
2. Момо ТАМАОКИ (Ҷопон)
3. Ширлин НАСИМЕНТО (Бразилия)
3. Сара Леони СИСИК (Фаронса)
63 кг
1. Ҳарука КАҶУ (Ҷопон)
2. Катерина БУШЕМИ-ПИНО (Канада)
3. Ганхаич БОЛД (Муғулистон)
3. Лаура ФАЗЛИУ (Косово)
70 кг
1. Шихо ТАНАКА (Ҷопон)
2. Лара СВЕТКО (Хорватия)
3. Санне ВАН ДАЙК (Нидерланд)
3. Мариам БУТКЕРЕИТ (Олмон)
78 кг
1. Алисе БЕЛЛАНДИ (Италия)
2. Анна Монта ОЛЕК (Олмон)
3. Курена ИКЕДА (Ҷопон)
3. Патрисиа САНПАИО (Португалия)
Дар ҳисоби медалҳо Ҷопон бо касби 13 медал (6 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм мебошад. Италия бо ду медали тилло дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Тоҷикистон бо як медали нуқра, як нишони биринҷӣ ва як мақоми ҳафтум дар байни 93 кишвар ҷойи ҳаштумро касб кардааст.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ - 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ - 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000-евроӣ (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ - 1,600 евро).
Гуфтугӯ