"Аз Эрон ба Тоҷикистон расидем."Зани тоҷик дар бораи ҷанги Исроилу Эрон

Полоишгоҳи нафт дар Теҳрон пас аз зарбаи Исроил ба он дар рӯзи 17-уми июн

Радиои Озодӣ бо Гулрухсор Сатторова, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ду сол боз муқими Теҳрон буд, дар бораи ҳамлаҳо ба ин шаҳр ва бозгашташ ба Душанбе сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Шумо чанд вақт дар Эрон будед ва он ҷо чӣ кор мекардед?

Гулрухсор Сатторова: Ман онҷо 2 сол шуд зиндагӣ мекунам, дар шаҳри Теҳрон. Хонаводагӣ он ҷо зиндагӣ мекунем.

Радиои Озодӣ: Ин бомбаборон ва ҷанг чӣ гуна оғоз шуд?

Гулрухсор Сатторова: Росташро агар бигӯям, аз назари мо ҳама чиз хуб буд, ягон мақомоти давлатӣ нигарони аз ҷанг надошт. Он ҷо ҳама тайёрӣ ба иди Ғадирашон медиданд (Ғадири Хумм рӯзи 18 зилҳиҷҷа ва аз бузургтарин идҳои шиаён аст, ки аз нигоҳи онҳо дар ин рӯз Ҳазрати Муҳаммад, домод ва писарамакаш Алиро ба ҷонишинии худ мансуб кардааст). Рӯзи ҷумъа, 13 июн, соати 3 шаб Исроил ҳамларо шурӯъ кард, ки мардум ҳама дар хоб буд ва ин ҳамлаҳо ҳама ба биноҳои маскунӣ буд. Эрон, агар хато накунам, ҳамлаи ҷавобиро соати 9-10 ҳамон шаб дод. Рӯзи шанбе оромтар гузашт, аммо шурӯъ аз рӯзи якшанбе Исроил ба қисматҳои ҳарбӣ ва қисматҳои аҳолинишин ракетаҳои худро равон кард.

Радиои Озодӣ: Шумо аз бомбарон чӣ гуна хабардор шудед ва вазъи мардум чӣ гуна буд?

Гулрухсор Сатторова: Ман ростӣ дар ҳайрат мондам барои оромӣ ва сабури мардуми Эрон. Мағозаҳои хӯрокворӣ, нонвойхонаҳо, дорухонаҳо мисли ҳарвақта боз буд, ҳама чиз фаровон. Ягон воҳима барои хӯрокворӣ ё доруворӣ надоштанд. Баръакс онҳо моро дилбардорӣ мекарданд, мегуфтанд, ки зиқ нашавед, ҳамаш хуб мешавад, ин ҷанги мо нест, мо 8 сол бо Ироқ ҷанг карда будем ва инро низ аз сар хоҳем гузаронид. Мардони Теҳрон зану фарзандонашонро берун аз шаҳр равон карда истода буданд, аммо аксари мардҳо дар шаҳр истода буданд ва мегуфтанд, дар ҳолати омодабошем.

Радиои Озодӣ: Он ҷо тоҷикон зиёданд? Дар бораи вазъи онҳо хабар доред?

Гулрухсор Сатторова: Рости шумораи дақиқашро намедонам, лекин медонам рӯзи ҷумъа Сафорати Тоҷикистон ба ҷамъоварии нусхаи шиносномаҳои тоҷикон оғоз кард ва ду роҳ, яке марз Озарбойҷон ва дигаре Туркманистонро пешниҳод кард. Ҳар кас ихтиёран мегуфт, ман Озарбойҷон ё Туркманистон меравам ва онҳоро ба рӯйхат дохил карда ба сафоратҳои ҳамон давлатҳо равон мекарданд, ки ҳарчи зудтар иҷозати вурудро бигиранд.

Радиои Озодӣ: Сафорат шуморо чӣ гуна берун кард? Аз кадом роҳҳо?

Гулрухсор Сатторова: Мо аз назди сафорат соати 4 субҳи рӯзи 16-уми июн бо як автобуси калон роҳии марз шудем. Биступанҷ кас будем, 6 мард, 9 кӯдаки то 18-сола ва 10 зан. То марзи Туркманистон, ки 24 соат тӯл кашид дар роҳ ягон мушкилие нашуд. Дар панҷ ҷой истодам, каме дам гирифтем, автобус маводи сӯхт гирифт. Шукри Худо бе ягон мушкилӣ соат 4 субҳ мо сарҳади Эронро гузаштем. Дар марзи Туркманистон ҳайати дипломатҳои сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон моро пешвоз гирифта, ба автобус то меҳмонхона бурданд, ки каме дам бигирем ва боз сафарро идома диҳем. Соати 12 рӯз моро автобус аз меҳмонхона гирифт ва бурд самти роҳи оҳан ва кормандони сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон бо мо ҳамроҳ буданд. Кормандони сафорат билети қаторро аз ҳисоби худ хариданд, аз мо пул нагирифтанд.

Аз Ишқобод бо қатор 12 соат рафтем то марзи Узбекистон. Моро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон ҳамроҳ бо кормандони Сафорати Тоҷикистон аз истгоҳи қатор то марзи Узбекистон бо автобус оварда гусел карданд. Мо бо таксӣ ба Бухоро омадаем ва соати 7 субҳ аз Бухоро роҳӣ шудем, ки соати 4 бегоҳ дар марзи худамон дар Регар расидем ва то шом ба хона расидем. Дар ҳамин сафари 3-рӯза танҳо дар масири мобайни гумруки Узбекистон ва Тоҷикистон азоб кашидем, зеро роҳаш хеле дароз, бо кӯдаку васоил хеле азоб кашидем. Фикр мекунам, агар имкониат бошад, нақлиёте мусофиронро бибарад, мушкилот хеле сабук мешавад. Иҷозат диҳед ба сафоратҳои Тоҷикистон дар Эрону Туркманистон, шахси сафирон ва консулгариҳо ва кормандони онҳо, ки барои амн берун шудани мо заҳмати зиёд кашиданд, ҳазор раҳмат гӯям. Дар ҳамин сафари серӯза танҳо ман аз Узбекистон то Тоҷикистон 120$ барои 4 кас харҷ кардаму халос, дигар ҳама ройгон буд.

Радиои Озодӣ: Мардуме, ки бо шумо берун шуданд, киҳо буданд?

Гулрухсор Сатторова: Асосан, беморон, кӯдакону ҳамсарони дипломатҳо ва донишҷӯён.

Радиои Озодӣ: Вайрониҳо зиёд аст? Мардуми Эрон чӣ назар доранд ба ин ҷанг?

Гулрухсор Сатторова: Ростӣ вақте он ҷо будем, шунидем, ки зиёд аст, вале бо чашми худамон хисороти онро надидам, чӣ дурӯғ гӯям. Садои таркиш ва ракетаҳо ба хонаҳои мо ҳам мерасид. Вале ҳоло аз интернет мебинам, ки хеле-хеле зиёд будааст. Зеро он ҷо мо бештар дар ғами берун шудан будем, хусусан ман, ки кӯдакони ноболиғ доштам.