Нозири шабакаҳои барқиро барои фиреби муштариён ҷазо додаанд

Акс аз бойгонист.

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як корманди собиқи Шабакаи барқии ноҳияро барои қаллобӣ ва аз худ кардани пули муштариён ҷазо дода ва аз ҳаққи кор дар ин идора маҳрум кардааст. Додгоҳ рӯзи рӯзи 16-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, нозири ин идора фақат дар муддати ним соли кор 36 ҳазор сомонӣ ва ё 3600 доллар ҳаққи пули барқро ба ҷайби худ задааст.

Додгоҳ ному насаби ин фарди 32-соларо ошкор накарда, аз ӯ фақат А.М ва сокини Душанбе ном бурдааст. Ба қавли додрас Ҳокимбек Зиёзода, ин фард аз моҳи май то моҳи сентябри соли 2024 пули баъзе аз муштариёни нерӯи барқ аз деҳаи Шаҳристони ҷамоати деҳоти Гулистонро ҷамъ оварда, ба ҷойи супурдан ба идора ба манфиати хусусиаш истифода мекардааст.

Дар баёнияи додгоҳ омадааст: “Шаҳрванд А.М. аз боварии сокинон истифода бурда, бо истифода аз мақоми хизматӣ барои тасарруфи молу мулки ғайр, бо истифода аз расиди пардохти «Амонатбанк», ки пардохти маблағро нишон медиҳад, 50 ҳолати қаллобӣ карда, ба маблағи умумии 36 ҳазор сомонӣ ба шаҳрвандон зарари молӣ расонидааст. Маблағҳои бо роҳи фиреб ва истифода аз мақоми хизматӣ ба даст овардаашро барои хушҳолиаш дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ сарф кардааст. “

Назари нозири собиқ маълум нест, агарчӣ дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки ӯ дар тафтиши ҷиноятҳо бо мақомот кӯмак ва ҳамкорӣ кардааст. Додгоҳ бо назардошти ин ҳама ва баъдан ҷуброн кардани зарари ҷабрдидагон нозири собиқи Шабакаҳои тақсими барқро ҷарима баста ва аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое, ки ба моликияту пул сару кор доранд, маҳрум кардааст.

Шикоят аз тақаллубкорӣ дар супурдани пули нерӯи барқ дар Тоҷикистон солҳо боз садо медиҳад ва онро як сабаби бедалел зиёд нишон додани қарзи мардум аз ширкати “Барқи тоҷик” медонанд. Кор то ба ҳадде расид, ки чанде пеш дар Тоҷикистон барои ин тақаллуб дар истифода аз нерӯи барқ ҷазои ҷиноятӣ таъйин карданд.