Ҳадяе, ки барои хонаводаи тоҷик дар Русия дарди сар шуд

Се моҳ пас аз ҳамлаҳои сахти лафзӣ дар интернет ба як хонаводаи зодаи Тоҷикистон, ки мақомоти Тотористон ба ӯ хона доданд, сарвари ин оила боздошт шудааст. Муҳиддин Холзодаро Кумитаи тафтишоти Русия бо гумони талош барои гирифтани имтиёз аз роҳи қаллобӣ боздошт кардааст.

Моҷарои тақдими хона, аз он ҷо шурӯъ шуд, ки ҳукумати шаҳри Нижнекамск дар Тотористон ба хонаводаи Муҳиддин Холзода ва ҳамсараш Малика Тоирова, ки чаҳор фарзанд доранд, хона ҳадя карданд. Агарчӣ онҳо зодаи Тоҷикистон ҳастанд, аммо шаҳрвандии Русияро доранд.

Акси тақдими сертификати хариди хонаи арзон аз дасти Рамил Муллин шаҳрдори Нижнекамск дар Интернет бо интиқоду хашми густардаи шаҳрвандони Русия рӯбарӯ шуд. Онҳо мегуфтанд, оилаи тоҷик сазовори гирифтани имтиёз нест, ё худиҳоро монда бе бегонаҳо медиҳанд.

Кӯмаки ҳукумат фақат ин буд, ки хонаводаи тоҷик ҳангоми хариди хона 35 дарсад онро арзонтар ба даст меовард. Баъди ҳаёҳу дар интернет, Александр Бастрикин раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки аз сиёсатмадорони муҳоҷирситез номида мешавад, аз мақомоти интизомӣ хост, ки қазияро тафтиш кунанд, ки то куҷо қонунӣ аст.

Ӯ гуфта буд: «Мардуми эҳтиёҷманди хона аз мардуми таҳҷоӣ солҳои дароз дар навбатанд, вале қарори додани хона ба фоидаи оилае ҳал шудааст, ки дар гузашта муҳоҷир будааст. Аз ин ҷиҳат шаҳрвандон ба коррупсия ишора мекунанд.»

Зоҳиран зери ин фишори раҳбари баландпоя, мақомоти интизомӣ ба тафтиши қарор дар бораи тақдими хона хонаводаи муҳоҷирони тоҷик сар карданд. Муҳиддин Холзода аз 11-солагиаш дар Русия зиндагӣ мекардааст ва бо ҳамсару фарзандонаш ҳама шаҳрванди ин кишвар будаанд ва зоҳиран ҳеч тасаввур намекард, ки кумаки ҳукумати Русия ба сараш як бало меорад.

Ин аввалин бор нест, ки зодагони Тоҷикистони шаҳрванди Русия бо сабаби гирифтани имтиёз ва ё хона мавриди пайгард қарор мегиранд. Моҳи феврали имсол Кумитаи тафтишоти Русия ҳукумати ноҳияи Митиширо ба ҷавобгарӣ кашид, ки ба хонаводаи Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов, волидони ҳафт фарзанд хона тақдим карда буданд. Баъдан ба зидди модари ин хонавода бо иттиҳоми «қасди ҷиноят ва омодагӣ ба ҷиноят ва ё тақаллубкорӣ» парванда боз карданд.

Айни ҳодиса бо хонаводаи Акрам Масаидов, сарвари оилаи серфарзанде дар вилояти Свердловск рух дод, ки ба ӯ ҳам хона доданд ва баъдаш тафтишу кашокаши ин хонаводаи тоҷик ба идораҳои давлатӣ сар шуд.

Яке аз сабабҳои ингуна муносибати мақомоти Русия бо муҳоҷирони тоҷикро ба ҳамла ба «Крокус» рабт медиҳанд, дар он бештар 140 нафар кушта шуданд ва мақомоти Русия чаҳор муҳоҷири тоҷикро гумонбари асосӣ эълон кардаанд. Баъди ин ҳодиса дар моҳи марти соли 2024 муҳоҷирситезӣ дар Русия ба авҷи аъло расид ва дар ин миён мардуми тоҷикро бештар ҳадаф гирифтанд.