Аббос Ароқчӣ бо вазирони корҳои хориҷии аврупоӣ мулоқот мекунад

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон.

Интизор меравад, ки имрӯз вазирони корҳои хориҷии шуморе аз кишварҳои аврупоӣ бо вазири корҳои хориҷии Эрон дар Женева дидор кунанд. Мавзуи меҳварӣ, ҷангӣ ҷорӣ байни Исроил ва Эрон ва барномаи ҳастаии Теҳрон хоҳад буд.

Вазири корҳои хориҷии Бритониё рӯзи 19 июн пас аз дидор бо мақомҳои амрикоӣ дар Вашингтон гуфт, "ҳанӯз равзанаи дуҳафтаӣ барои расидан ба як роҳҳали дипломатӣ вуҷуд дорад".

Дар нишасти имрӯз бо Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷи Эрон, вазирони хориҷии Бритониё, Фаронса, Олмон ва шуморе дигар аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ширкат хоҳанд кард.

Пеш аз ин Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфта буд, ки зарфи ду ҳафта тасмим хоҳад гирифт, ки оё кишвараш дар ҳимоят аз Исроил ба таври мустақим вориди ҷанг алайҳи Эрон шавад ё не.

Сухангӯи Кохи Сафед зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки президент Трамп роҳҳали дипломатӣ бо Теҳронро афзал мешуморад, аммо ҳадафи аслӣ ин аст, ки Эрон набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад.

Эрон ҳамеша гуфтааст, ки барномаи ҳастаиаш ҳадафи ғайринизомӣ дорад ва дунболи даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ нест.