Президентҳои Русия ва Чин рӯзи 19 июн зимни тамоси телефонӣ ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум карданд. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Владимир Путин ва ҳамтои чинии ӯ Сӣ Ҷинпин дар мавриди коҳиши таниш, ҳамназар ҳастанд.
Юрий Ушаков, ёвари Путин дар баёнияе дар ин бора гуфт, ки ду президент таъкид карданд, ки ҳамлаи Исроил нақзи санадҳои СММ ва дигар муқаррароти байналмилалӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав ва Чин комилан ба ин бовар ҳастанд, ки барои вазъияти ҷорӣ ва мавзуи ҳастаии Эрон, стратегияи низомӣ вуҷуд надорад ва бояд аз роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шавад.
Дар баёнияи Маскав аз вуқӯи фоҷеа дар сурати идомаи бӯҳрон ҳушдор дода шуда, аз Амрико хоста шудааст, ки ба бомбаборонҳои Исроил дар Эрон напайвандад.
Кремл афзудааст, ки Путин дар рӯзҳои гузашта бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон, дар тамос будааст.
Раисҷумҳури Чин аз мавзеи Кремл дар мавриди миёнҷигарӣ дар ин даргирӣ истиқбол кардааст. Ду раҳбар қарор гузоштанд, ки ба тамосҳои худ дар рӯзҳои оянда дар ин бора идома диҳанд.
Хабаргузории расмии Чин низ гузориш дод, ки Си Ҷинпин дар тамос бо Путин таъкид кардааст, ки "вазъияти минтақа бисёр ҳассос аст" ва "ҷаҳон вориди даврае бесуботӣ шудааст".
Исроил рӯзи 13 июн ба таври ногаҳонӣ ба таъсисоти низомӣ ва ҳастаии Эрон ҳамла кард. Дар пайи ин ҳамлаҳо, шуморе аз фармондеҳони баладпояи низомии Эрон кушта шуданд.
Эрон ҳам дар вокуниш шаҳрҳои Исроилро ҳадаф қарор дод ва гуфт, ки ба таъсисоти низомӣ ва иқтисодии он кишвар зарбаи сахт задааст.
Бар асари ин ҳамлаҳо то кунун аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шудаанд.